Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи кор бо занон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо ҳамкорӣ МД “Марказҳои машварати ва омодаги пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнати шаҳри Хуҷанд”ва шубаи хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар кумитаи маҳаллаи “Тути калон ” доир намуданд.
Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.
Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.