Санаи 03 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботии шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни шӯрои занон ва занони фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Дар ин маҷлис ҳисоботи мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Мукаррама Неъматова оид ба иҷроиши самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо занон барои соли 2014 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи аввали соли 2015 шунида шуд. Ҳамчунин, дар ин ҷаласа мӯҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат марбут ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини таҳкими оилаю оиладорӣ ва дар ин радиф эълон шудани соли 2015 ҳамчун соли «Оила» аз тарафи Президенти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамрохон Атаева иштирок ва баромад намуда, оиди ҳалли муаммоҳои ҷойдошта пешниҳодҳои худро баён намуд.