Субҳи имрӯз роҳбари намояндагии  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хучанд Эҳсон Исоев дар барномаи радиои вилоятии “Сабзмеҳан” оиди мавзӯи “Даъвати ҷавонон ба артиши милӣ” баромад намуд ва перомуни мавзӯи мазкур, аз ҷумла чунин кайд кард: “Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад”.

Ҳамчунин яке аз пешсафони аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шахри Хучанд  аз  Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”  Гафуров Муллобарака  дар ин баронома фикру андешаҳояшро баён карда, ҷавононро даъват ба амал овард, ки барои ҳимояи ватани хеш  ҳамеша тайёр бошанд.

Ҳадаф аз иштирок дар чунин барономаҳо ҷавононро ба хизмати Ватан - модар ҷалб намуда, онҳоро ҳушдор бояд кард, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд ва аз муҳофизати ватани худ саркашӣ накунанд, барои марзу буми ватан,  пешрафт ва ободии он ҳамеша омода бошанд.