Санаи 7 -уми феврали соли 2023 тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони “Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист!” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суѓд Исмоилзода Зуфар Муртазохон роҳандозӣ гардида, дар он раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович, собиқадорони ҳизб, иштирокчиёни сохти Конститутсионӣ, модарони сарбозон, занони барӯманд ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо гузоштани гулчамбар дар назди лавҳаи шаҳидон оѓоз гардида, меҳмонон аз шароити буду боши афсарону сарбозон шинос гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки воқеан шароити буду боши афсарону сарбозон дар қисми низомӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Сипас, дар саҳни даромадгоҳи бинои қисми низомӣ бо иштироки раиси кумиҷроияи вилоятӣ, роҳбарияти қисми низомӣ, афсарону сарбозон ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ барномаи телевизионии «Назаре ба оина» сабт карда шуд.

Ѓайр аз ин дар ҳузури ҳамаи афсарону сарбозони қисми низомӣ чорабинии идона доир гардида, сараввал дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суѓд Исмоилзода Зуфар Муртазохон афсарону сарбозонро ба муносибати 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Баъди ҷамъбасти қисми тантанавӣ як қатор афсарону сарбозони қисми низомии мазкур бо Сипоснома, номаи миннатдорӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки сарояндагону ҳунармандони ҷавон омода гардида, аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиён гардид.