Фарзанд ниҳоли босамари умри инсон аст. Ҳаёти мову шумо бо кӯдак ба монанди рангинкамон буда, бо нуру ҷилои худ ҳаёти моро боз ҳам хубтару зеботар мегардонад. Маҳз хурсандиву нишот ва пешрафту талошҳои имрӯзаи ҳар волидайн баҳри ояндаи дурахшони фарзандон мебошад. Аз ин лиҳоз хурсандӣ ва хандаи беғаши кӯдакона ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, барои амалисозии орзуву омоли кӯдакон пайваста кӯшиш мекунем, то ки кӯдаконамон ҳамеша шоду хурсанд бошанд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баҳри болидахотири кӯдакон дар назди кумитаи маҳаллаи “Мевағул” бо ташаббуси Раиси маҳалла Муҳаббат Бобоҷонова чорабиниии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаҳо аз Кумиати иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хурсандии онҳо шарик гардида, кӯдаконро бо идашон муборакбод карданд.