Ҳамасола дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ - ҷамъиятӣ ҳисоботҳои солона шунида, мавриди баррасии том қарор мегирад.

Имсол низ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 2017-ро бо кӯлбори пур аз дастоварду муваффақият ва комёбиҳои назаррас дар раванди сулҳу суботи сиёсии ҷомеа, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ки ҳосили он зиндагии орому шоистаи мардум аст, ҷамъбаст намуд.

«Эълон шудани Соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон падидаи нодир ва хотирмон барои банда низ маҳсуб меёбад, - мегӯяд Фаридун Мӯҳсинзода ҷонишини Раиси ташкилоти ибтидоии «Раҳим Ҷалил» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд. - Зеро маҳз бо дастгирии МИҲД – и шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд моҳи октябр дар чорабинии фарҳангии байнихалқӣ «Фестивали XIX умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи аввал байни 162 давлатҳои дунё дар масоили «Рушди устувори ҷаҳон дар раванди сиёсат» сазовор гардидам ва бо ин васила Тоҷикистони азизро чун кишвари сулҳофар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар сӯҳбату мулоқотҳои Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин, Игор Шувалов, Сергей Лавров, Мария Захарова, Генадий Зюганов ширкат варзидам.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо ва музаффариятҳо аз дастгирӣ ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд.

Дар маҷмӯъ, барои иҷрои мунтазам ва бомароми ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва вусъати фаъолияти густурда, ҳисоботи ТҶҶ «Созандагони Ватан» - ро қаноатманд меҳисобам ва ба кору пайкори созанда ва ояндофари ташкилоти бонуфуз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя доранд, дастовардҳои беназиру комёбиҳои назаррасро таманно дорам».