Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба моҳи май «Моҳи ҷавонон» дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкор» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Чунин мулоқот дар Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева доир гардид.

Муовини раиси кумиҷроия зимни баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа, неруи маркази маҳсуб ёфта, дар таърихи ҷомеа низ нақши муассир доранд.

Аз оғоз то имрузи соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хочагӣ, саҳмгирии ҷавонон бараъло эхсос мегардад. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барҳақ қайд мекунанд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро омузанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имруза огоҳ бошанд. Таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд»

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси кумиҷроия ба 33 нафар кормандони Маркази саломатӣ, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.