Дар пайравӣ аз иқдому ташаббусҳои наҷибонаи коргоҳу ширкатҳо дар остонаи баргузории интихобот ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад.

Бо иштироки кормандон, чеҳраҳои маъруфи кишвар доир намудани флешмоб бо акси Пешвои муаззами  миллатро ба роҳ монда, ба ин васила эҳсоси худшиносии миллии кормандонро боло мебардоранд. Дар ҳошияи ин чорабиниҳо дар филиали №24 - бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳури  “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии вакили маҷлиси шаҳрӣ Қаҳҳорзода Меҳрдод Фурқат Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудирони шуъбаи ҷавонон ва занони кумиҷроя  бо ҷамъи кормандон флешмоб ташкил намуданд.

 Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Қаҳҳорзода Меҳрдод аз хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳи тоҷикон ва ҳамбастагии миллат сухан ронда, баён дошт, ки Роҳбари давлат замоне зимоми роҳбарии мамлакатро бар дӯш дошт, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар муташанниҷ буд. Дар бораи сиёсати қарзиву молӣ ва бонкдории миллӣ ҳоҷати гуфтан набуд. Маҳз таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Президенти мамлакат  аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ расидан моро ба чунин рӯзҳои нек овард. Пас мо, насли имрӯз вазифадорем, ки бар ивази ҷонбозиҳои Роҳбари  давлат ба меҳнати садоқатмандонааш арҷ гузорем ва дар рӯзи интихобот бо ҷонибдорӣ аз Барномаи пешазинтихоботии Пешвои муаззами миллат овоз диҳем.

Аҳли меҳнати коргоҳ якдилона ва бо ифтихори бузург дар чорабинии флешмоб ширкат варзида, омодагии худро ба интихобот иброз доштанд.