Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар вилояти Суғд ва тибқи нақша-чорабинии Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи ташкилотҳои ибтодоӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодаанд.

Дар ин маҷлисҳо маърӯзаи Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба «Фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нӯхмоҳаи соли 2014» шунида шуда, аз ҳисоби аъзоёни ҲХДТ вакил ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб карда мешаванд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хучанд Наим Маликисломов ва аъзоёни Комиҷроия дар ин маҷлисҳо иштирок намуда истодаанд.