Сидқан дӯст доштани Ватан гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, меҳнати софдилона баҳри таҳкими давлати миллӣ ва дар ин асос таъмин намудани зиндагии шоиста чуни наст, сиёсати хирадмандона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари муаззами давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар арафа ва ба муносибати ҷашни бузурги миллим о 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузории чорабинии илмӣ-фарҳангӣ гувоҳи он аст, ким о қадамҳои хешро дар ҷодаи ба даст овардани истиқлоли комил устувор гузошта истодаем.

Дар мавриди аҳамияти таърихии Истиқлолияти Тоҷикистон боисрор иброз дорем, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидаем, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ба воқеият табдил ёфт – гуфт раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Амонатбонк»-и виояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода.

Дар ҳақикат, Истиқлолият меваи шаҳдбори давлати демократӣ, ягона ва биҳиштосои мо ба шумор меравад. Таҳкими густариши Истиқлоли миллиамон аз ҳисоби мутахассисони варзида, донову хирадманд ташаккул меёбад.

Аз ин лиҳоз, бо Раҳматнома ва Сипоснома қадрдонӣ шудани муттахасисони ҷавони болаёқат, ташаббускору ҳамадон аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Амонатбонк» бори дигар ба собит расонд, ки ин ташкилоти бонуфуз дар пиёда сохтани ҳадафҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 –ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, назаррас аст.

Ҳумоюн бод, Истиқлоли тоҷик!