Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба сабқати зеҳнӣ бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон « Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар боғи Камоли Хуҷандӣ бо ширкати 70 нафар иштирокчиён сабқати зеҳнӣ мусобиқаи шоҳмот  доир гардид. Ин мусобиқа дар ҳошияи вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, давоми рӯз беҳтаринҳо мақоми шоистаро ба даст оварданд. Аз ҷумла, хонандаи Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Файз”  Ардашер Икромов ҷойи аввал, хонандагони  Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Рустамов” Манучеҳр Каримов ҷойи дуюм ва Меъроҷ Каримов ҷойи сеюм сазовор гаштанд. Байни духтарон насиби ҷойи аввал хонандаи Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии “Рустамов” Ясмина Юсупова ва хонандагони Гимназияи № 24 Райҳона Раҳимова ҷойи дуюм ва  Фараҳноз Раҳимова ҷойи сеюм сазовор гаштанд.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.