Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояткунандаи вируси короно дар асоси вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси кумиҷроияи шаҳрии  ҲХДТ вусъати тоза мегирад. Субҳи имрӯз баргузор шудани аксия зери унвони  “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” бо ширкати беш аз 1000 нафар ва дар идомаи  ин аксия ташвиқу тарғиб бо усули хона ба хона ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ гувоҳи гуфтаҳои болоианд.

Нимаи дуюми имрӯз кормандони кумиҷроия иборат аз Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини Раиси КИ ҲХДТ, Эҳсон Исоев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва иттилоот, Зарина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занон ва Олимҷон Нурматов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бевосита бо сокинон дар маҳалла ваи ҳавлиҳо вохӯриҳо анҷом дода, дар баробари паҳни варақаҳо, ҳамчунин онҳоро ҳушдор доданд, ки ба қоидаҳои санитарӣ гигиенӣ риоя карда, бештар аз издиҳом дурӣ ҷӯянд. Ва ҳатман зимни баромадан ба кӯчаҳо аз ниқобҳои ҳимояткунанда истифода баранд. Қайд шуд, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо на ба он хотир аст, ки имрӯз ин беморӣ миёни мо мавҷуд аст, балки ба хотири эмин мондан аз ин бемории сироятист, ки худ шаҳрванд намедонад, ки бо кадом роҳ ба он гирифтор мешаванд. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро  то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Овоза  ва  хабару гузоришҳои паҳнгардида, ки гӯё  дар вилоят   гирифторони ин сироят ошкор гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. 13 нафаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дирӯз ба карантин гирифта шудаанд, вазъи мӯътадил дошта, ташхиси онҳо нишон дод, ки ба бемории коронавирус гирифтор нестанд.

Ин нуктаро муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев имрӯз зимни баргузории брифинг дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.