Имрӯзҳо Баҳори зебо бо ҳунари устодона ва накҳати беандоза Наврӯзи фархундаро дар домани хеш сабзу гулпӯш ба мардуми Аҷам пешкаш намуда, бо ҳузури ҳумоюнӣ ба кишвари азиз – Тоҷикистон қадам мениҳад. Бо ҷозибаи сеҳрангезаш ҳамаро мафтун намуда, таровату назокат, нафосату дилрабоӣ эҳдо менамояд.

Замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, хосатан Наврӯзи Аҷам хеле бузургу нодир арзёбӣ мегардад. Зеро Наврӯз ҷашнвораест, ки ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ, покизагӣ ва беҳдоштро таблиғ мекунад, рӯ ба рӯшноист ва мазҳари нур аст дар муқобили торикиҳо ва зулмот.

Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз бо ташаббус ва ибтикори ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ!» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ширкат карда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии иди Наврӯз аз номи роҳбарияти кумиҷроия табрику муборакбод намуда, фаъолонро бо Ифтихорномаи кумиҷроия сарфароз гардониданд.