Бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи касбии олӣ бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд.

Дар шанбегӣ кормандону устодон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ Созандагони Ватан"-и шаҳри Хуҷанд донишгоҳ даромадгоҳу роҳрав  ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳо тозаву озода карданд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам кард.

Ҳамчунин дар ин рӯз гурўҳи калони кормандону устодон  дар деворсанг гирифтан ва тахту ҳамвор  намудани саҳни бинои таълимии №2 заҳмат кашида, дар ободонӣ ва зеб бахшида ба намои хиёбону роҳравҳои донишгоҳ саҳмгузорӣ карданд. Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан аз амалҳои нек дониста шуда, дар муттаҳидсозии аҳли донишгоҳ ва дӯст доштани ҷойи кору сарзамин ва давлату миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.