Ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнати шоистаи кормандони алоқа, радио ва «Почтаи тоҷик» рўзи гузашта бахшида ба Рўзи касбии алоқачиён  дар ташкилотҳои ибтидоии Филали суғдии ҷамъиятии «Телеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» чорабинии идона доир гардид.

Мудири шўъбаи нақлиёт ва алоқаи МИҲД-и вилоят Очилзода Олим, мудири шўъбаи нақлиёти МИҲД_и шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Дадоҷонов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, сарвари корхонаи Филали суғдии ҷамъиятии «Телеком»  Сўҳроб Ғоибов, сарвари КВД «Почтаи тоҷик» Абдуманнон Юсупов ва муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева кормандони соҳаи алоқа ва почтаро бо ҷашни касбиашон шодбош гуфта, нақши  онҳоро дар пешбурди маънавиёту иҷтимоиёт нек арзёбӣ намуданд.

Дар баромади Муҳаббат Ӯрунбоева махсус таъкид шуд, ки ҳизбиёни ин ду ташкилоти бонуфуз бо амалҳои созандаи хеш робитаро бо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қавӣ намуда, дар баргузории чорабиниҳои мухталиф мунтазам ҳамкории судманд менамоянд. Инчунин фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар ҷалби аъзои нав, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти аъзоҳаққӣ ва то сокинон бурда расонидани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб боиси зикр аст.

Ба сифати қадршиносӣ аз меҳнати шоёни кормандон аз номи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ду нафар аъзои фаъоли ташкилотҳои мазкур- Муҳайё Шарипова ва Маҳфуза Тоҷибоева дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тўхфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.