Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пироҳанро як пораи фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар он ақидаанд, ки ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ балки бо либоси худ тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯдухтарон вохӯри баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Заррина Манонова ба ҷавонондухтарон дар бораи омӯзонидани анъанаи  фарҳангу одоб ва маърифати оиладорӣ  ибрози ақида намуда баён дошт, ки ба бар кардани либоси зебои миллӣ, шинаму озода аз фазилатҳои хуби инсонӣ маҳсуб меёбад. Маҳз одам бо либоси миллии ороста метавонад, муаррифгари фарҳанги миллати хеш бошад. Пӯшидани либос таъби баланди эстетикиро аз инсон тақозо дорад. Муназзам, мувофиқи рангу тобиш ва қаду қомат, ҳусн, ранги пӯст ба бар намудани пироҳан ба ҳусни бонувони тоҷик боз ҳусн зам мекунад, ки арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд.  

Дар навбати худ ҷавонондухтарон андешаҳояшонро баён намуданд ва ба саволҳояшон посух гирифтанд.