Дар диёри мо дар шароити хона гулпарварӣ намудан ба ҳар оила хос мебошад. Аммо шахсони кордон ба ғайр аз гулпарварӣ дар дохили зарф парвариш намудани дигар зироатҳоро ҳам ба роҳ монда истодаанд, ки намунаи онро зимни ташкили мулоқот бо сокинони маҳаллаи Масҷиди Савр аъзоёни гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо чашми худ диданд.

Як тан сокини меҳнатқарини маҳалла дар дохили лингаҳои полиэтиленӣ парвариши картошкаро ба роҳ мондааст. Айни замон буттаҳои ин растанӣ ғарқи гул мебошанд ва аз нашъунамои хуб шаҳодат медиҳанд.

Ин таҷриба хеле нодир буда, дар шароити имрӯза метавонад барои оилаҳо кӯмаки иловагӣ шавад.