Чун ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи «Нури ирфон» доир мегардад. Дар пайрави аз ин ташаббуси созанда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки ба хонандагони фаъол, кӯдакони имконияташон маҳдуд як миқдор маводи хонишро тӯҳфа намоянд.

Субҳи имрӯз як гурӯҳ хонандагон аз ин армуғони ҳизбӣ баҳраи беш бурданд.

Дар маросими тақдими тӯҳфаҳо раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар бори дигар аз дастгирии давлату ҳукумат нисбати кӯдакону наврасон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат наздики 1000 мактабҳо сохта шуда, барои баланд бардоштани дониш ва маърифати хонандагон садҳо компютер, марказҳои забономӯзиву ҳунарӣ таъсис ёфтанд.

Роҳандозии аксияи «Нури ирфон» иқдоми хуби ҳизбиён аст ва дар самти ҷалби хонадагон ба мактаб ва он то андозае барои дилгармии насли ояндасоз нисбати давлат ва Ҳукумат мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкурро дар баробари ҳизбиён ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд сидқан дастгирӣ намуда, беҳдошти вазъи иҷтимоии хонадагонро онҳо аз рисолати асосии вакилии худ меҳисобанд.  

Иқдоми мазкур дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.