Дар идомаи конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии КИМ ҲХДТ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ва дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат меҳмонон аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хоса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯи маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ оғоз бахшиданд.