Таъкиди ин нукта: «Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ –дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд», -мо мардуми сарбаланду босаодати Тоҷикистонро муваззаф месозад, то дар атрофи Пешвои хеш, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҳам оем ва дар рушду таҷдиди кишвар саҳмгузор бошем!

Ба хотири огаҳии комил пайдо кардан аз мӯҳтаво ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Маркази равонпизишкии вилояти Суғд» бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ҷамъомади судманд баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Зеварой Бобоева қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир бо таҳлилҳои дақиқу мушаххас пешниҳод гардид, ки ҳамасола ҳамчун дастурамал барои як сол роҳандозӣ шуда, моро аз зиндагии шоиста ба зиндагии шоистатар ҳидоят менамояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки хушбахтона маҳдудияти барқ пурра аз байн бардошта шуд.

Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ низ барномаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ ва дар амал татбиқ шуда истодааст, ки аз фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин чорабинӣ 5 нафар аз табибони мушфиқи ин Марказ ба сафи аъзогии ҲХДТ дохил гардиданд ва арза доштанд, ки барои амнияти кул, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ – равонпизишкӣ, ки омили асосии пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми босазо гузошта, баҳри зиндагии шоиста талош хоҳанд варзид.