Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамҳизбиёни гиромиқадр!

Дар мақоми шукргузорӣ ва саодат ва бо ҳисси ифтихормандии зиёд аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Хуҷанд  Шуморо бо фарорасии ҷашни фархунда, мубораку муқаддаси миллӣ  – 27 – умин солгарди  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ  ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ  устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ  ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ , ватандӯстӣ  ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Халқи тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки вай миллати куҳан ва дорои фарҳанги бою қадима мебошад.

Сарвари давлатамон дар яке аз баромадҳои худ моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан  ифода намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ  ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ  ва иқтисодиву иҷтимоӣ  фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».

Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯза ба хубӣ эҳсос мекунад, ки маҳз бо баракати Истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. 

Дар баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, ҳисси ифтихори миллӣ, дӯст доштани марзу бум саҳми ҳизбиёни кишвар низ хеле калон аст. Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи давраи соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад. Ин ниҳоди пурқудрати ҷамъият тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи Оиннома ва Барномаи ҳизб  тахти шиори "Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум" ва дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ мондааст.

Дар ин росто кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо дастгирии Кумитаи иҷроияи маказии ҳизб ва бахши вилоятии он аз ҳар вақта бештар мекӯшад, ки миёни мардум бошад, то аз дастоварду мушкилиҳои онҳо ошно гардида, дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта роҳнамо гардад. Дар  ин амали хайр фаъолият намудани қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ширкати фаъолона дар ободии макон, баргузории аксияҳои хайриявӣ, вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр моро боз ҳам рӯҳбаланд месозад. Итминони комил дорем, ки чун ҳамкориҳо ояндаи наздик самараи дилхоҳ ба бор меоварад.

Бори дигар  ин  ҷашни муборакро ба ҳамаи сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ муборакбод гуфта,  рӯзгори обод, дили шодро таманно дорем.