Дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.
    Ба ин муносибат ҷаласаи ҷомеаи меҳнатии коргоҳ баргузор гардид,ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд. Номбурда ташкил шудани созмони ибтидоиро дар ин коргоҳ густариш ёфтани фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Наим Маликисломӣ аз дастовардҳои ҳукумати кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки аз ҳамаи имкониятҳои худ истифода баранд, то обрӯи  кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар шавад.
    Дар маҷлис иштирокдорон якдилона Директори генералии КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” Саидхӯҷа Баҳоваддиновро раиси созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Баъдан ба 15 нафар кормандон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин корхона бештар аз 400 нафар фаъолият дошта, то имрӯз бештар аз 50 нафар хоҳиши ба аъзогии ҲХДТ дохил шуданро намудаанд.