Бо мақсади пешгирии вазъи ҷинояткорӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъшуда бо иқдоми Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мунтазам силсилавохӯриҳо дар коргоҳу муассисаҳои таълимӣ доир шуда истодааст. Чунин як мулоқоти судманд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид. Муовини директори донишкадаи мазкур оид ба тарбия Фаррух Аминов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Нахуст ду филми ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти ҷавонони гумроҳшуда манзури аҳли нишаст гардонда шуд.   Филм аз рӯзгори ҷавононе нақл мекунад, ки фирефтаи молу манол ё дурӯғи маҳзи шахсони алоҳида шуда, ҷони ҷавони худро дар  кишвари Сурия ба азоб мондаанд. Аз нақлҳои ҷавонон Аъзамҷон Хоҷаев, сокини шаҳри Турсунзода, Мавзуна Мирзоева, сокини ноҳияи Шаҳритуз, Шаҳром Шеров, сокини шаҳри Бӯстон, Ҷамолбӣ Ҳомидова, сокини шаҳри Кӯлоб ва даҳҳои дигар хулоса кардан мумкин, ки маҳз надоштани дониши сиёсӣ ва динӣ ҷавонони мо беандешона роҳ ҷониби Ироқу Шом мегиранд. Дар натиҷа аз беҳуқуқии худ ва бераҳмии хоҷагони хориҷӣ азоб мекашанд. Аксаран дар навор аз дӯст доштани обу хоки диёр, тинҷиву амонии кишварамон шукрона намуда, озодии ба маънои томашро маҳз дар Тоҷикистон эҳсос кардаанд. Ин нафарони гумроҳу пушаймоншуда бо дидаҳои ашкбор аз ҳамсолони худ даъват ба амал меоранд, ки ҳаргиз ба доми фиреб наафтанд ва як бурида нони ҳалоли худро дар Ватани хеш бо меҳнати ҳалол дарёб намоянд.  Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Насимҷон Набиев дар баромади худ аз оқибатҳои нангини амалҳои ноҷавонмардонаи баъзе аз ҷавонон сухан карда, изҳор дошт, ки давлат ва ҳукумат ба хотири таъмини адолат ва пешрафту шукуфоии кишварамон аз гуноҳи баъзе аз пушаймоншудагон гузашта истодааст, ҳол он ки дар дигар давлатҳо ин нафарон бо ҳукми суд ба солиёни дароз маҳкум карда мешаванд. Номбурда нақл кард, ки аз ба ном «ҷиҳоду» «Садоқат ба Худованд»-и ҳоҷагони беруна ягон осори раҳму шафқат нест ва мисолеро овард, ки модареро барои монеа шудан барои фарзандаш дар ҷангҳо дар пеши чашми фарзанди ҷоҳилаш ба қатл мерасонанд. Магар ин амал дар ягон китобҳои муқаддаси динӣ оварда шудааст? Пас онҳо на «бародарони исломӣ», балки ифротиён ҳастанд. Дар фуроварди ҷамъомад Наим Насимов аз ҷиноятсодиркунӣ байни донишҷӯён изҳори ташвиш намуда, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 донишҷӯ ҷиноят содир карданд. Аксаран бо мошинҳои шахсӣ ба дарс меоянд, ки хилофи қонунгузории  кишвар аст. Барои пешгирӣ аз ҷиноятсодиркунӣ таклифҳои судманд дода шуд.