Бо дарназардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, яъне пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Конференсияи XXII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ваколати вакилони Конференсияро нигоҳ дошта, ба кори конференсия танаффус эълон карда буд.  Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон идомаи  Конференсияи XXII ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар кори конференсия  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода,  муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Умаров Орифҷон Ғаниевич, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, 195 нафар вакилон, гуруҳҳои таблиғотӣ, гуруҳои мобилӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони  Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва рузноманигорон аз васоити ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок доштанд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки соли 2020 барои сокинони кишвар, хосса барои ҳизбиён соли пурмасъул хоҳад буд. Зеро маъракаи сиёсии интихобот натиҷаҳои фаъолияти ҳизбиёнро муайяну мушаххас намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бештар раҳнамоӣ месозад.

Вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маъруза намуда, баён дошт, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии  оинномаву Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Имрӯз ҳизбиёни вилоят, ки теъдоди онҳо 145 ҳазор нафар мерасад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалҳои неку шоистаро анҷом медиҳад. Мусаллам аст, ки ба фаъолияти ҳизб  аз чигунагии номзадҳояш дар мақомоти олии конунбарор ва зинаҳои поёнии маҷлисҳои маҳаллӣ баҳо медиҳанд. Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Гулбаҳор Назирӣ дар парлумони касбӣ номзадии ӯ аз нав ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда мешавад.

Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи М.С. Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Абдуҳаким Шарипов ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саодат Аминҷонова  аз кору пайкори Гулбаҳор Назирӣ ёдовар шуда, баён доштанд, ки номзади пешбаришуда аллакай дар ҷомеа ба ҳайси олима, зани нерӯманд ва ташкилотчии моҳир шинохта шудааст ва дар сурати пирӯзӣ барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб, пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқ саҳми калон хоҳад расонд.  

Сипас, тариқи  бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбатии Назирӣ Гулбаҳор Назир аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.

Ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи вакилон Гулбаҳор Назирӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар фарҷоми кори конференсия Назирӣ Гулбаҳор Назир барои боварию эътимоди вакилон изҳори сипос намуд.

Бо дарназардошти  он ки дар пеш пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ истодааст, бинобар ин ба  кори Конференсия танаффус эълон карда шуд.