Бо суръат паҳн шудани бемории сироятии коронавирус дар тамоми олам ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки аз сари эҳтиёт кора бигиранд. Беҳтарин роҳи мубориза ба ин вабои аср ин пеш аз ҳама худро эҳтиёт кардан аст. Риояи талаботи гигиенӣ, дар байни издиҳом нагаштан, зуд – зуд бо маҳлули антисептикӣ шустани даст, муоширати фосилавӣ, бо худ доштани  ниқоби ҳимоятӣ метавонад хатари сироятёбиро камтар кунад.

Бо ҳамин мақсад бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нимаи дуюми  имрӯз як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин волонтёрон аз ҳисоби ҷавонони фаъоли шаҳр таҳти роҳнамоии сарвари ин ташкилот дар вилоят Фирдавс Саидов ниқобҳои ҳимоятиро бо усули кӯча ба кӯча ба сокинон ройгон тақсим намуда, ҳамзамон зимни вохӯрӣ зарурати риояи талаботҳои гигиениро бо мисолҳои воқеӣ фаҳмониданд.

Гуфта шуд, ки пеш бурдани тарзи ҳаёти солим, тарғиби аҳолӣ ба ҳаёти солим аз Барномаҳои амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маҳсуб ёфта, иҷроиши ин тадбир аз дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҳиз мебошад.

 

нашрияи“Шафақ”-и

 Кумиитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд