Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз – 07.12.2019 дар бинои Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар танаи идона раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ, собиқадорон ва аъзоёну фаъолони ҳизб, раисони кумиҷроияю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ректорон ва устодону донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

      Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ, ки ба он аҳли толор ҳамовоз гаштанд, оғоз шуд.

      Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии ифтитоҳияш меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ таманно кард. Таъкид дошт, ки маҳз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба нерӯи бузургу тавоно табдил ёфт ва имрӯз сарбаландона аҳли ҷомеаро ба бунёдкорию созандагӣ роҳнамоӣ мекунад. Боиси хурсандист, ки иқдомҳои ватандӯстонаи  ҳизбиён ҳамеша аз ҷониби раисони вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой аҳмадзодаву Маъруф Муҳаммадзода ва роҳбарияти Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ дар симои Матлубахон Амонзода дастгирӣ меёбад.

     Дар маърӯзаи пурмӯҳтавои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Сатториён Матлубахон Амонзода, ки бо бозгӯ намудани таърихи мухтасари таъсисёбии ҳизб, зикри хизматҳои бузурги Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои шоёни аъзоёну алоқамандони ин нерӯи тавоно ва пешбарандаи ҷомеа оғоз ёфт,  роҳи дар давоми 25 сол сипаринамудаи ҲХДТ пуршараф арзёбӣ гардид. Мавсуф аз номи Раёсати Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамагонро табрику муборакбод гуфта, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки обрӯю нуфузи ҳизб дар миқёси вилояти Суғд сол то сол боло меравад. Далели ин гуфтаҳо дар давоми панҷ сол 50 фисад зиёд шудани шумораи аъзои ҳизб аст. Албатта, дар ин радиф шумораи ташкилоту кумиҷроияҳои ибтидоӣ ҳам рӯ ба афзоиш ниҳод.

     Матлубахон Амонзода ҳамзамон аз хатару таҳдидҳои замони муосир ва маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар ин марҳилаи ҳассос ҳизбиёнро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар ҷамъбасти суханрони изҳори умед, намуд, ки ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ҳам якдилона тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаштани маъракаи сиёсии дарпешистода кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

    Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи худ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки аъзоёну фаъолони ҲХДТ парчамбардори амалҳои шоистаю иқдомҳои ватандӯстона ҳастанд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди бунёдкорию созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад далели ин гуфтаҳо бошад.

    Аз ҷониби раиси шаҳр ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба аёдати сохтмончиёни НБО-и «Роғун» ва сарбозону афсарони қисми ҳарбии дар ин шаҳр мустақарбудаи Гвардияи миллӣ, ташкили барномаи консертӣ дар сари дастархони идона ва супоридани туҳфаҳои хотиравӣ шоистаи таҳсин ва лоиқи дастгирӣ ҳисобида шуд.

    Дар ҷамъбасти суханронии худ раиси шаҳр хушхабар оид ба қабул шудани қарори дахлдор вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ-ро ба самъи аҳли толдор расонд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифта шуд.

     Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар аъзоёни нав қабулшудашаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон  собиқадори ҲХДТ Саидбой Зокиров, сардори Идораи телевизион ва радиои вилоят Мунира Раҳимзода, директори Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Мунира Мансурӣ, директори Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдуқаҳҳор Раҷабов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва омӯзгори факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳалимҷон Салимӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

    Маликисломӣ Наим Мунаввар бори дигар аз номи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳозиринро муборакбод намуд  ва бо ҳамин қисмати расмии чорабинӣ ба итмом расид.

    Қисмати тантанавии он бо қироати чанд банд аз Гимни ҲХДТ дар иҷрои ҳунарпеша Диловар Султонов шурӯъ шуда, сипас як гурӯҳ ситораҳои санъати вилоят, аз ҷумла Умарҷон Қобилов, Бахтиёр Давлатов, Дилноза Каримова, Элдорбек Файзиев,  Парвина Ғафурова, Сироҷиддин Худоймерганов, Ҳалимҷон Салимӣ бо сурудҳои ватандӯстона ва гулдухтарони гурӯҳи рақсии театр бо рақсҳои дилнишин барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.

    Дар ҷамъбасти чорабинии тантанавӣ ҳам Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва иштирокчиёни чорабинӣ бо он ҳамовоз шуданд.