Ҳодисаи нангини 29 июли соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, ҷониби шахсиятҳои номаълум бо автомашинаи сабукрав пахш кардани сайёҳони хориҷӣ, ки ба сайёҳати туристӣ омода буданд, пахш намуд. Дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, з нафари дигарашон маҷруҳ шуданд, тамоми мардуми Тоҷикистонро ғамгин сохта ба ҳайрат гузошт. Ин сайёҳон, ки намояндагони давлатҳои Шветсария, ИМА ва Ҳолланд буданд, тавассути велосипед дар қади роҳ ҳаракат доштанд.

Гумонбаршудагон дастгир гардида, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.

Маврид ба қайд аст, ки ноҷавонмардона, аз тарафи ашхоси шомил ба ДИИШ, Ҳизби ғайриқонунии наҳзати ислом, «Гурӯҳи сарбозони хилофат» ва хоҷагони хориҷии гурӯҳҳои ба ном исломӣ ба амал омадани ин ҳодисаи нафратангез дида натавонистани дастоварду пешравиҳои кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.

Ин ҳолати нангинро дар кадом ҳолате набошад, мардуми тоҷик ин ҳодисаро шадидан маҳкум намуданд.

Роҳбари давлат ба унвони роҳбарони кишварҳои Шветсария, Ҳолланд ва ИМА барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.

Ваҳдату ягонагии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд ва оромию суботи ҷомеаи моро халалдор сознад.

Ин бадхоҳону бадбахту беватану бенангу номус пешравиҳои Тоҷикистонро дида натавониста, обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд. Ин хоинони миллату давлат аз ирфати халқ, аз сарнавишти халқ, аз рисолати азалии мардуми тоҷик бехабаранд, ки ягон тоҷик на манзилеро хароб кардаву на фардеро ба қатл расонида бошад. Балки рисолати мардуми тоҷик созандагиву бунёдкорӣ, меҳмоннавориву инсондӯстӣ, фарҳангшиносиву маданиятдорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама давру замон буду мебошад.

Итминон, дорем, ки ин сӯиқасди номардонаи душманони миллат ва давлат ба нокамӣ анҷомида, ҷаҳониён аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ хоҳанд ёфт.

Ҳизбиёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии

 ҲХДТ ба номи Б.Ғафуров дар назди

Кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» - и ш.Хуҷанд