Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯз дар маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд байни 18 кумиҷроияиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун ғолиби ҷойи аввали озмуни “Беҳтарин кумитаи иҷроия - 2021” дониста шуда, бо Диплом ва маблағи пулӣ қадршиносӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки саҳми Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи шаҳр хеле назарррас буда, дастоварди ҳамҷояи онҳо бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд миннатдории хешро ба кумиҷроияи вилоятии ҳизб баён намуда, ҷиҳати боз ҳам пешрафти фаъолият кушиш менамояд.