Санаи 01.03.2019 мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба волейбол байни омўзгорони ҷавони муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷҳо бахшида ба Рўзи Модар дар толории варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи волейбол байни омўзгорон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим буд. Мусобиқа аз рўи системаи олимпӣ ва қоидаҳои байналмиллалӣ гузаронида шуд.