Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 21 июни соли 2023, таҳти №42 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ дар миқёси шаҳри Хуҷанд аксияи вилоятии тақсимоти маводҳои табрикотӣ таҳти унвони “Ҷавонони Ваҳдатсарой” баргузор гардида, зиёда аз ҳазор нафар сокинони шаҳр ба ифтихори ин санаи муқаддас табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба онҳо тақдим гардиданд.