Дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва Оинномаву Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши олимону зиёиён хеле калон буда, маҳз диду назари хоссаи равшанфикрон аст, ки кишвари мо пешорӯи пешрафт ва шукуфоӣ қарор дорад. Басо рамзист, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба соҳа афзуда, теъдоди марказҳои омӯзишӣ ва нафарони майл ба илмҳои дақиқ дошта афзуда истодаанд.

Бо назардошти саҳми шоиста дар рушди илмҳои физика ва математика, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни олими номвар доктори фанҳои техникӣ - физикӣ Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович субҳи имрӯз дар факултети физика ва техникӣ маросими қадршиносӣ доир гардид.

Мавлон Азимов, намояндаи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳаким Тошхӯҷаевро бо дастовардҳои шоёни илмиашон аз номи кумиҷроия табрик намуда, ба соҳибҷашн медали ҷашнии ҳизбро супорид.

Раиси иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят Мӯсобек Мироватов, муовини ректори МД ДДХ Хайрулло Сабуров, декани факултети физикӣ – математикӣ Мӯъмин Шамсиддинов олим, профессорро бо зафарҳои меҳнатӣ шодбош гуфтанд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт. 

 

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд