Барои ман мояи ифтихор ва саодат аст, ки дар остонаи фасли зебои баҳор ва таҷлили Рӯзи Модар бори нахуст дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзидам. Худро аз он сарфароз меҳисобам, ки дар Тоҷикистони озоду обод зиндагӣ ба сар дораму Сарвари ғамхору дилсӯз роҳнамо ва пуштибони мо ҳастанд.

Пешвои муаззами миллат бо як ҳиси шодмонӣ аз бузургиву шаҳомати модар ҳарф зада, баён доштанд, ки маҳз модар аст, ки моро дар ҳама ҳолат дастгиру мутакко аст. Меҳрубонию ғамгусорӣ, суханҳои нарму ҳикматноки модарон моро дар чорсӯи зиндагӣ роҳнамо ҳаст. Ва аз бонувон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи насли наврас саҳланкорӣ накунанд, пеши роҳи илму маълумотгирии фарзандонро нагиранд. Кӯшиш кунанд, ки шароити мусоиди илмандӯзиро барояшон муҳайё созанд. Зеро миллати босавод ҳеҷ гоҳ хору залил нахоҳад шуд. Сарвари  давлат бонувонро масъулиятшиносу матинирода, қудратманду донишвар унвон карда, зикр намуданд, ки бояд бонувон фазои мусоиди оиладориро ташаккул диҳанд. Зеро мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки маҳз омода набудани навхонадорон ба ҳаёти мустақилона, фарҳанги  пасти муносибату муошират, дилбастагӣ ба молу манол ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонад. Дар идомаи мулоқот Пешвои муаззами миллат дар мавриди ҷалби ҷавондухтарон ба зинаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, рӯ ба фарҳанги миллӣ овардани онҳо сухан карда, баён доштанд, ки мутаассифона ҷаҳонбинии танг, пойбанд шудан ба хурофотпарастӣ садди роҳи амалишавии орзуҳои духтарон гардида истодааст. Гузашта аз ин бо фарох шудани ҷаҳони иттилоот ва дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии интернет, завқи духтарону бонувон ба китобу китобхонӣ коста шудааст. Оқибати такя ба чунин шабакаҳои ҳангомаҷӯй боиси он гардид, ки чанд рӯзи охир миёни мардум овозаи қаҳтиву паҳн шудани бемории корнавирус ба миён омад.

Сарвари давлат зимни суханрониашон борҳо аз нерӯи бузурги созанда будани занону духтарон ёдовар шуданд, ки нишонаи эътимоду боварии қавиашон ба онҳо мебошад. Аз ин мулоқот як ҷаҳон таассуроти фаромӯшнашаванда бардошта, дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси роҳнамо қабул намудам. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки минбаъд Афаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, сазовори  боварии Сарвари давлат буданамро дар амал нишон медиҳам.