Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо ятимони кулл баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки ятимону бепарасторон ҳамеша зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пуштибони ҳамешагии ин қишри ҷомеа мебошанд.

Ҳамчунин, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов баромад карда ҳамаи иштирокчиёнро табрику муборакбод намуд.

Аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 60 нафар ятимони кулл, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд тӯҳфаҳои солинавӣ ва чипта барои иштирок дар барномаи солинавӣ, ки санаи 28 декабр дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон бо ташаббуси кумиҷроияи шаҳрӣ доир мегардад, тақдим намуд. Кӯдакон бо рӯҳияи болида дар қисмати фарҳангии чорабинӣ рақсиданду хурсандӣ карданд.