Дар замони муосир терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти хафноку хатаровар буда, имрӯзҳо он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда аст. Гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротӣ аз ҷумлаи онҳо ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ аз номи дини мубини Исломро истифода бурда, мардумро аз он ҷумла ҷавононро ба гумроҳию хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро, ки оянда ва қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд бояд аз мақсадҳои ғаразноки сиёсии ҳизби наҳзати ислом огоҳ  кунем. Баъзе аз ҷавонон,ки саводи зарурӣ надоранд ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ наафтанд ва гумроҳ нагарданд.  Аъзоёни ҳизби наҳзати ислом дар асл мухолифони давлат буда, мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ доранд, пешравӣ ва сулҳу субот, ободии диёрамонро дидан намехоҳанд.

Қайд намудан зарур аст, ки барои дар ҷомеаи имрўза пойдор мондани сулҳу осоиштагӣ ва роҳ надодан ба чунин тарғиботҳои зиддиқонунии ҳизби наҳзати ислом мо бояд ҳамаҷониба, фикран ва ҷисман бар зидди он мубориза барем , зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм бисёр ташкилоти бонуфузи байналмиллаливу минтақавӣ ва инчунин мамлакатҳои ҷаҳон мубориза мебаранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад

         Таъкид намудан ҷоиз аст, ки мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем ва ба ҳазёнгӯиҳо ва дурӯғгӯии аъзоёни ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ гоҳ бовар накунем. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар кишварамон бирасем. Ба дасисаҳои бадхоҳони Ватани азизамон ҳаргиз дода нашавем. Шукронаи ҳаёти осуда дар кишварамон кунем, ҳар яки мо бояд баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон саҳмгузор бошем.

Барои ҳамин ҳам имрўз ба дӯши шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон масъулияти зиёде ҳавола гардидааст, ки ин худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ мебошад ва агар дар ҷомеаи имр=заи мо онро такомул диҳем, ҳеҷ як падидаи номатлуб ба монанди ҳизби наҳзати ислом ба ҷамъияти мо роҳ наёбад ва дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу суббот  пойдор бимонад. Мардуми шарафманди тоҷик барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст.

 

Ҳабиба Абдуллоева,

аъзои фаъоли

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон