Санаи 12 январи соли 2023 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид. Дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.

Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис иштирокдоронро шинос кард ва оид ба бурду бохти кумиҷроияи шаҳрӣ дар соли 2022 ахборот дод. Мавсуф дар баромади хеш зикр намуд, ки кумиҷроия дар масъалаи ҷалби аъзо ба сафи ҳизб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сокинони шаҳри Хуҷанд пурзӯр намуд ва дар натиҷаи фаъолияти босамар дар ин самт давоми соли ҳисоботӣ 1 ҳазору 794 нафар аъзо ба сафи ҳизб дохил шуданд, ки имрӯз шумораи ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ба 20 ҳазору 400 нафар расида, аз ин шумора 12 ҳазору 949 нафарро занон ва 8 ҳазору 829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ фаъолияти худро мувофиқи талаботи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Вилоятии ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” Меҳрдод Қаҳҳорзода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Нур” Раъно Холматова оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии хеш дар назди ҳозирин гузориш дода, фаъолияти кумиҷроияи шаҳриро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода дар баромади худ оид ба саҳми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромади хеш таъкид кард, ки кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ташаббускор ва намунаи ибрат ба дигар кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, дар ҳама самт пешравиро нишон медиҳад. Раиси кумиҷроияи вилоятӣ баён дошт, ки имрӯзҳо дар ҳама минтақаҳои олам зуҳуроти хатарноку номатлубе чун экстремизиму терроризм, кочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ ва коррупсия вуҷуд доранд ва ҳукуматдорону ҷомеаи башарӣ ҳамеша бо онҳо мубориза мебаранд.  Мо ҳизбиён дар ин ҷода бояд пешсаф бошем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо андешаҳои солим ҷомеаро ба сӯи ободиву созандагӣ раҳнамун созем. Ба муқобили ифротгароён бо мисолҳои воқеӣ ва возеҳ ҷавоб бояд гӯем. Мо вазифадорем, ки пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф ва адабу ҳунар, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддасамон ва тавсеаи тафаккуру андешаи ватандӯстона ва инсонгароёнаро, ки хислати азалии миллати ватанпарвари мо мебошад, таъмин намоем.

Зуфар Исмоилзода фаъолияти кумиҷроияи шаҳрро қаноатбахш ҳисобида, барои фаъолияти минбаъда ҷиҳати пешрафт ва ҷоннок намудани кори ҳизбиёни шаҳр дастуру супоришҳо дода, барору комёбиҳо таманно кард.

Сипас, муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева дар бораи фаъолияти ситоди “Обуна-2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нақшаи кории кумиҷроия барои соли 2023 ва нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷоми маҷлис якчанд нафар фаъолони ҳизб бо Медали ҷашнӣ, Сипосномаю тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзоёни ба сафи ҳизб дохилшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.