Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони муассиса ва истиқоматкунандагони кумитаи маҳаллаи Навбаҳори шаҳр вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ директори муассисаи  таълимии миёнаи умумии № 21 – и   шаҳри Хуҷанд Файзуллоҷон Файзиев, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов ва мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ширкат варзиданд.

Масъулин дар бораи  муҳтавои Паёми имсола  ҳарф зада, қайд карданд, ки Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст. Паёми навбатии Пешвои миллат чун Паёмҳои пешин аз таҳлилу хулосабарориҳо, дастурҳои навину вазифагузориҳои оянда саршор буда, моро ба амалҳои созанда   ҳидоят мекунад.

Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ шуда, ҳамагон барои татбиқи ҳадафҳои созанда, ки дар барномаи мазкур инъикос ёфтаанд,  даъват шуданд.