Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-умин солгарди он дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, дар таърихи навини давлати тоҷикон руйдоди беназир маҳсуб меёбад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ амалӣ гардиданд, ки натиҷаҳои назарраси он қобили қайд аст.

Имрўзҳо тамоми кўшишҳои Парлумони мамлакат ба беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ тавассути таъмини қонунгузории мусоид ва мутобиқ намудани он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, кафолати давлатии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мусоидат намуда, дар заминаи он тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ такмил ё дар таҳрири нав қабул гардиданд. Қонунгузории амалкунандаи кишварро муосир арзёбӣ намудан мумкин аст, зеро он қариб ҳамаи шаклҳои иштироки сармоягузоронро дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тариқи таъсиси ширкатҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд пешбинӣ намуда, вобаста ба соҳа кафолати манфиатҳои онҳоро таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар дар суханронии худ қайд намуданд, ки «Мо ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар иқтисодиёт афзалияти бештар медиҳем, зеро таъсири мусбати он барои пешрафти тамоми соҳаҳо, ғанигардонии буҷети давлатӣ, таъсис ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ хеле муҳим мебошад».

Дар натиҷа ислоҳоти амалигардида имкон фароҳам овард, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000 –ум то 68 фоиз зиёд гардида, 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда шаванд. Бояд қайд намуд, ки агар дар солҳои 2000-ум нақши соҳибкорони хурд бештар дар соҳаҳои савдо, хўроки умум, хизматрасонӣ бештар назаррас бошад, он гоҳ дар солҳои охир на камтар 25 фоиз корхонаҳои хурд дар бахши воқеии иқтисодиёт ташкил шудааст, ки натиҷаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.

Ҳамзамон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми андози мамлакат ва дар ҳамин замина дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ва сазовор арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмўъ, низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳои андозро пешбинӣ менамояд, ки аз ҷузъҳои таркибии зерин иборат аст:

  1. Низомҳои махсуси андозбандӣ, ки тибқи онҳо тартиби содакардашудаи ҳисоботи андоз ва пардохти танҳо намудҳои алоҳидаи андоз бо меъёри пасттар пешбинӣ гардидаст, ки ҷиҳати рушди соҳибкории хурд имконияти васеъ фароҳам меоварад.
  2. Имтиёзоти андоз, ки барои соҳибкории миёнаву калон вобаста ба самти фаъолият (истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ) пешбинӣ шудаанд.
  3. Низомҳои имтиёзноки андозбандӣ (6 низом), ки тибқи онҳо афзалиятҳои иловагии андозӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла нерўгоҳҳои барқӣ-обӣ, корхонаҳои коркардкунандаи нахи пахта, созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, рушди истеҳсолот –  минтақаҳои озоди иқтисодӣ, хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво, бозори қоғазҳои қиматнок пешбинӣ менамоянд.
  4. Муқаррарот оид ба низоми андозбандӣ ва имтиёзҳои андоз, ки бо созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Дар ин асос механизми махсуси танзими мунисибатҳо байни давлат ва сармоягузор ба миён меоянд, ки имтиёзҳои васеи андозӣ ва ғайриандозиро пешбинӣ менамояд.

Дар қиёс бо дигар кишварҳои хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла баъзе кишварҳои ИДМ, имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба истеҳсолоти молҳо нигаронида шуда, аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва техникаи кишоварзӣ ва минбаъд то 5 сол аз пардохти андози фоида озод кардани фоидаи бадастовардаи корхонаҳои истеҳсолиро пешбинӣ кардааст. Дар ин маврид зикр кардан ҷоиз аст, ки тадриҷан бо назардошти афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ, имтиёзҳои андоз меафзояд, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ИДМ истифодаи механизми мазкур кам ба назар мерасад.  Барои мисол, меъёри андоз аз фоида дар Фаронса 38%, Малта 35%, Белгия 34%, Португалия 31,5%, Италиё 31,4%, Олмон 30,2%, Испания 30%, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Белорус ва Федератсияи Руссия 20% – ро ташкил медиҳад. Ҳол он ки меъёри андози фоида барои фаъолияти истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба андозаи 13 муқаррар шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки тибқи таҳлили Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ соли 2015 оид ба муайян намудани ҳавасмандкунии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду шакли пешниҳоди ҳавасмандкунӣ сармоягузорон ба ҳавасмандкунии ғайрифискалӣ (қарзҳои имтиёзнок, содагардонии расмиёти гирифтани иҷозатнома) эҳтиёҷи бештар доранд. Зеро мутобиқи таҳлили мазкур айни замон дар қонунгузории ҷумҳурӣ 61 намуди ҳавасмандгардонӣ (имтиёзҳо) муайян шудааст, ки аз он 52 намуд ва ё 85% ба имтиёзҳои фискалӣ (андозию гумрукӣ) таалуқ доранд.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар бахши иқтисодӣ ба масъалаҳои сода намудани расмиёти давлатӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкориву тиҷорат низ нигаронида шуда, дар ин раванд содагардонии қоидаҳои маъмурӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад. Дар партави дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009, таҳти №508 ва аз рўи принсипи «Равзанаи ягона» ба роҳ мондани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оғози соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сифатан тағйир дод.

Ҳамин тавр, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми андози кишвар ҳам дар навбати худ ба таври мунтазам фаъолияти босамарро ба роҳ монда, сатҳу сифат ва шаклу намуди хизматрасониҳои мақомоти андозро афзун намуда истодаанд, то барои дасттгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ дар кишвар саҳмгузор бошанд ва ин ҳама дастовардҳо аз пуштибонӣ ва таваҷҷўҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барҳақ, Президенти кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои шинохташудаву эътирофгаштаи миллати тоҷик буданд, мо танҳо ин воқеиятро бо санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф намудем.

Албатта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташкили ва таъмини рушди низоми дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ хеле муҳим ва бориз аст.  Маҳз фаъолияти пурсамару дурандешонаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки минбаъд низ суботи рушд бо ноилшавӣ ба комёбиҳои нав таъмин гардад.

 

 

Салимова М.М – н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ