Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо иштироки сокинони кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ»-и шаҳр доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ шаиркат варзидатабрикоти кулли ҳизбиёни шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла зикр дошт, ки таҷлили Наврӯзи ҳуҷастапай аз оинҳои дерини мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо буда, ба шарофати сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Рамон сол то сол бошукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда мешавад. Яке аз русуми наврӯзӣ ин тоза озода нигоҳ доштани манзили худ ва дар ин замина пок намудани ботин аз кинаву кудурат аст.

Наим Маликисломӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои  Кумитаи иҷроияро тақдим намуд.

Бо баргузории чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби шогирдони боргоҳи маърифати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд пешкаш гардид, хотири иштирокчиён шод шуд.