30 июн дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1. Рафти иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25.04.2016 таҳти №11 оид ба аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2. Тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 24.06.2016 оид ба Ситоди «Обуна -2017» ва нақшаи он ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» 3. Таъсис додани кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ 4. Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ. Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ёдовар шудан зарур аст, ки дар давраи семоҳаи дуюми соли 2016 2 адад кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 34 адад ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд зиёд гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи дуюми соли равон 314 нафар аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.