Чун ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи таҷлили як моҳи ҷавонӣ спартакиадаи бонувони вилоят байни кумитаҳои иҷроия доир мегардад. Соли равон низ ин чорабинии муҳими варзишӣ хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди варзишӣ доир шуд. Он дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд доир шуда, аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 260 нафар бонувони варзишгарро гирд овард. Қувваозмоии бонувони варзишгар аз рӯи се намуди варзиш – волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи мизӣ сурат гирифт. Спартакиадаи бонувон дар як вақт дар се муассисаи варзишии шаҳри Хуҷанд – варзишгоҳи ҷашнӣ (аз рӯи намуди баскетбол), толори варзишии коллеҷи тиббӣ (волейбол) ва толори варзишии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд (тенниси рӯи мизӣ) баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳисоб мерафт. Дар он бонувони варзишгар аз рӯи намудҳои варзишии тенниси рӯи мизӣ, баскетбол ва волейбол байни ҳам қувваозмоӣ намуданд ва ҷараёни мусобиқаро дар толорҳои варзишии гимназияи рақами 4, коллеҷи тиббӣ ва «Варзишгоҳи ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд садҳо нафар мухлисӣ намуданд. Бояд гуфт, ки ин спартакиада ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли фарди солим бахшида шуд. Онро 18 нафар доварони пуртаҷриба назорат карданд. Ғолибон аз рӯи даставӣ муайян шуданд. Сазовори ҷои аввал дастаи шаҳри Хуҷанд, ҷои дуввум дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷои сеюм дастаҳои шаҳри Исфара ва ноҳия Спитамен дониста шуданд. Дастаҳои ғолиб бо ҷоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мукофотонида шуданд.