Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани бузургдошти Рӯзи модар дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии волейбол байни донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ва Коллеҷи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гузаронида шуд.
Дар чорабинии варзишӣ Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок ва баромад намуда, ҳамагонро ба фарорасии Рӯзи модар табрик кард. Мавсуф дар баромади хеш афзуд, ки тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан, яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус имрӯз аст. Зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Шумо ҷавонон бояд аз ин шароити фароҳамоварда самаранок истифода бурда, ба варзиш, машқи бадан, ки шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст, машғул шавед, то солимии худро таъмин созед. Фаромӯш набояд кард, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст.
Дар бозии волейбол духтарон хеле фаъол буда, ҳар ду даста ҳам бо тайёрии хуб омаданд. Натиҷаи мусобиқа ба фоида дастаи донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббӣ ҷамъбаст гардид.
Аз тарафи кумиҷроия барои ғолибони мусобиқа Диплом, барои доварон Сипоснома, инчунин барои бозингарони фаъол низ Сипоснома ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи варзишӣ ин тарғибу ташвиқи варзиш байни ҷавондухтарон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни донишҷӯдухтарон, баланд бардоштани маҳорати тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебашад.