Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо мутобиқ ба нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотчиён бо сокинони маҳал доир шуда истодааст.

Дар ҳошияи ин вохӯриҳо дар омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 31, шаҳр Хуҷанд мулоқоти аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Мунаввара Дадобоева, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Олимҷон Норматов бо устодону донишҷӯён ва аҳли махаллаҳои «Сирдарё» ва «Сайҳун» доир гардид.

Дар баромади директори омӯзишгоҳи касбии техники №31 Ғаниҷон Раупов ва Мунаввара Дадобоева зикр шуд, ки аҳамияти сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалии Паём дар он ифода мегардад, ки ин санад тамоми соҳаҳои калидии ҳаёти мамлакат – сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тандурустӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва суботи ҷомеа, давлатро таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ ва дурнамои онро муайяну мушаххас месозад.

Паём гарчанде ҳуҷҷати комилан илмӣ ва назариявӣ бошад ҳам, бузургии мантиқи он дар он аст, ки тамоми масъалаҳои мураккаби фарогири он бо забон ва шарҳи оммафаҳм, нишорас баён гардидааст. Мазмун ва мӯҳтавои аслии ин санади ояндасоз пеш аз ҳама ба марҳила ба марҳила боло бурдани сатҳи некӯаҳволии халқ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.

Ҳар як Паём барномаи сифатан наву тоза буда, дар он самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, дурнамои рушди он дар марҳилаи минбаъда тарҳрезӣ мегардад.

Аҳли маҳалла, ҷомеаи устодону шогирдони омӯзишгоҳ омодагии худро ҷиҳати омӯзиши Паём баён доштанд.