Тибқи нақша – чорабинии шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар  ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии шаҳрии №3”  мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия  Заррина Манонова бо кормандони марказ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Мавсуф доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба парлумон андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи ҳизб таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба ҳар як сокини мамлакат роҳнамо мебошад. Даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат бояд кулли ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад.