Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби занони фаъоли ҳизбӣ ва аъзои  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан“ дар кӯчаҳои марказӣ аксия таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мост!” доир гардид. Дар аксия мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, намояндагони кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок варзиданд. Зимни баргузории чорабинии мазкур бо нишонаи садоқат ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон тақсимоти варақаҳои табрикотӣ ба роҳ монда шуд.

Дар вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Хуҷанд таъкид шуд, ки Сарвари давлат дар лаҳзаҳои душвор ва ҳассоси кишвар ба сари ҳокимият омада, бо донишу тавонмандӣ ва иродаи шикастнопазир мамлакатро аз вартаи нобудӣ бароварда, заминаҳои ташаккули миллиро фароҳам оварданд. Сулҳи бебозгашти тоҷикон, тақвияти иқтисоди миллӣ ва сиёсати дарҳои боз имкон фароҳам овард, ки кишварамон ба марҳилаи рушд ва тараққиёт қадамҳои қатъӣ гузорад.