Имрӯз, мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои Раёсати Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) ва маъмурияти МДТ “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ, и.в.директори Филиали донишгоҳ, н.и.и., дотсент Садриддинов М.И. ҳусни оғоз бахшида, оид ба Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдат, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва рушди илму фарҳанг дар даврони муосир ибрози назар намуд.

Баъдан, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева Муҳаббат Холиқҷоновна, котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МДТ “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” Ахмедова Умеда Ҷумаевна баромад намуда, перомуни ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, худшиносиву меҳанпарастӣ, азхуд намудани илмҳои муосир, тарбияи маънавии ҷавонон, тарғиби ғояҳои хештаншиносӣ, дастовардҳои бузурги миллӣ ақидаҳои худро матраҳ намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагону донишҷӯёни фаъол шеъру суруд дар васфи Пешвои миллат, Ватан-Модар, Ваҳдати миллӣ ва сулҳ қироат гардид. 

 Дар интиҳои чорабинӣ, ба якчанд устодону донишҷӯёни фаъол дафтарчаи ҳизбӣ тақдим гардида, аз ҷониби раёсати Филиали донишгоҳ Сипоснома ба донишҷӯёни фаъол сарфароз гардонида шуд.

Ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ хеле диққатҷалбкунанда ва хотирмон баргузор гардид.

Силсилагузоришҳо аз рафти чорабинӣ.