Хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд, ки имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо рӯ ба ободониву созандагӣ ниҳода, мардумонаш дар партави сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон устуворона қадам мегузорад. Барои миллати мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ чун ҳадафи асосӣ қарор дошту солиёни зиёд орзуи онро доштем, ки кохи нуру сафо дар нерӯгоҳи азими барқии обии «Роғун» чароғон гардад. Инак, ин рӯзи файзбору саодатофар наздик аст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ифтихору саодати рӯзафзун дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҳизб бо овехтани овезаҳои калони даъватӣ меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷандро бо ин иншооти бузурги аср, ки ҳаёту мамоти миллати тоҷдор низ унвон шудааст ошно мекунад. Ин тадбир барои ҳуввияти миллӣ ва арҷгузоштан ба меҳнати садоқатмандонаи сохтмончиён рӯи кор омадааст. Роғун манбаи нуру рӯшноӣ ва ояндаи Тоҷикистон аст.

Роғун адолат аст!

Роғун асолат аст!

Роғун шаҳодати

Бахту саодат аст!

Афсонае куҷост?

Роғун ҳақиқат аст!