Дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд семинар - машварат бахшида ба ҷашни бостонии Сада баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Сомон» декани факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳ, дотсент Ҷамшед Тӯразода, мудири кафедраи маркетинг-агробизнес дотсент Ҳуҷаназарова М.И. ва дотсенти донишгоҳи мазкур Ашуров С.Х. иштирок намуда, доир ба таърихи ҷашни Сада баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳман- моҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада- ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.