Дастгирии ниёзмандон, таваҷҷуҳ ба нафарони бесаробмонда, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Новобаста аз ҷашну маросимҳои миллӣ дар пайравӣ аз иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафарони хайрхоҳу саховатпеша корҳои неку шоистаро ба анҷом доданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо мақсади ошноӣ аз вазъи зиндагӣ, расонидани номаи сипоси роҳбарияти олии ҳизб ба ҳавлии 10 нафар собиқадорони меҳнат, маъюбон рафта, ба онҳо як миқдор маводи озуқаворӣ тақдим намуд.

Аёдатшудагон барои дастгириву ғамхориҳои давлат ва ҲХДТ изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки онҳо дар ҷомеаи навини кишвар ягон лаҳза эҳсоси танҳоӣ ва муҳтоҷиро намекашанд.  Баръакс чунин ташаббусҳо онҳоро ба созандагӣ раҳнамун месозад.