Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси тадорукот оид ба баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рўзи «Созандагони Ватан» баргузор гардид.  

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар арафаи таҷлили ҷашни Рўзи ҷавонон ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар  қатори дигар фаъолон бояд бо баргузории чорабиниҳои мухталиф барои хубу хотирмон гузаронидани ин рўзҳо саъй варзанд. Таъкид шуд, ки зимни баргузории чорабиниҳо аз нақши давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдати ҳамдигарфаҳмӣ бояд сухан кард. Ҳамзамон эълон шудани соли 2017- Соли  ҷавонон дар меҳвари асосии баргузории чорабиниҳо бояд бошад.

Ҳамаи аъзоёни тадорукот барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рўзи «Созандагони Ватан» вазифадор карда шуданд.