Узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” Шарифзода Муъмин Машокир ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо сокинони маҳаллаи “Сайҳун” вохӯрӣ анҷом дод. Дар сӯҳбати самимӣ бо мардум мавсуф аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба зиндагии шоистаи мардум сухан ронда, зикр дошт, ки дар  фаъолияти Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Таваҷуҳ ба рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии кишоварзон, марҳила ба марҳила баланд бардоштанаи нафақаи собиқадорони меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд, донишҷӯён далолати гуфтаҳои болоӣ мебошад.

Мавсуф дар идомаи вохӯрӣ мушкиливу муаммо ва таклифҳои мардумро шунида, барои бароварда кардани хостаҳои ниёзмандон минбаъд омодагии худро иброз дошт.